Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури Фаронса дар Афғонистон тавсеа меёбад


Сарвазири Фаронса Франсуа Фийон мегӯяд, ки ин кишвар ҳузураш дар Афғонистонро бо чархболҳои иловагӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, таҷҳизоти ҷамъи иттилоъ ва 100 сарбози тозанафас афзоиш хоҳад дод.
Ҳангоми баҳси ҳузури Фаронса дар Афғонистон Фийон ба аъзои Маҷлиси поёнии парламенти Фаронса гуфт, ки барномаи ирсоли сарбозу муҳимот ҳафтаҳои наздик амалӣ хоҳад шуд. Дар Маҷлиси поёнӣ ташаббуси ҳукумати Фаронса дастгирӣ ёфт. Акнун сенаторони Фаронса дар ин бора изҳори назар мекунанд.
18-уми август дар Афғонистон Толибони силоҳбадаст 10 сарбози фаронсавиро ба қатл расонда буданд.

XS
SM
MD
LG