Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷароҳати 13 сарбоз дар ҳамлаи Байтулмуқаддас


Афсарони хадамоти наҷоти Исроил мегӯянд, ки бар асари як ҳамла дар чорраҳаи серодами Байтулмуқаддас 13сарбоз ҷароҳат бардоштанд. Ба қавли хадамоти наҷот як ронанда мошинашро ба тарафи таҷаммуи сарбозон равона кард. Ронандаи фаластинӣ бо тири полис ба қатл расидааст. Радиои Исроил изҳор намудааст, ки вазъи саломатии ду маҷрӯҳ ҷиддӣ мебошад. Чорраҳаи мазкур дар назди Шаҳри кӯҳна дар сарҳади бахши яҳудӣ ва арабии Байтулмуқаддас қарор дорад.
XS
SM
MD
LG