Пайвандҳои дастрасӣ

Наврасони нажодпарасти рус маҳкум шуданд


Додгоҳи Русия аъзои як дастаи наврасони нажодпарастро ба муддати то даҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Онҳо дар моҳҳои август ва сентябри соли 2007-ум чанд ҳамлаи нажодпарастона ташкил карданд, ки дар натиҷаи он ду нафар ба ҳалокат расидаанд. 13 навраси муҳассил дар донишкадаҳои Маскав асосан болои афроде ҳамла мекарданд, ки симои ғайриславянӣ доштанд.
12 узви ин даста аснои амалӣ намудани ҷиноятҳо синни аз 18-сола поин доштанд. Додгоҳ гурӯҳро дар камаш 10 ҳамла масъул донист, ки дар натиҷаи он ду нафар: як шоҳмотбози 46-сола аз ҷумҳурии Ёқутистони Русия ва дигаре ғижжакнавози 23-солаи арманӣ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG