Пайвандҳои дастрасӣ

Нафт 25 доллар гаронтар шуд


Нархи нафт дар бозори Ню Йорк 25 доллар баландтар шудааст. Рӯзи душанбе як баррел нафт ба 130 доллар мусовӣ гашт. Гуфта мешавад, ки муштариён аз барномаи амрикоии раҳоии низоми молӣ аз қарзҳо нигаронанд. Сармоягузорон мегӯянд, барномаи ҳукуматии наҷоти низоми молӣ, ки ба 700 миллиард доллар баробар аст, қарзгирӣ дар ИМА-ро ба қадри кофӣ коҳиш медиҳад. Дирӯз дар бозори Ню Йорк нафти сабук, ки дар моҳи октябр ворид хоҳад шуд, бо қимати 130 доллар фурӯхта мешуд.
XS
SM
MD
LG