Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии мухолифини Аҳмадинажод дар ИМА


Рӯзи душанбе дар рӯ ба рӯи қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк гирдиҳамоии зиддиэронӣ бо иштироки тахминан 2000 нафар барпо шуд. Ин ҷамъомадро гурӯҳҳои яҳудии ИМА ташкил карда буданд. Онҳо мухолифи ширкати президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷаласаи ифтитоҳии Маҷмаи кулли СММ дар таърихи 23-уми сентябр ва барномаи ҳаставии Ҷумҳурии исломӣ мебошанд.
Пешбинӣ мешуд, ки дар ин гирдиҳамоӣ сенатори демократ Ҳилларӣ Клинтон ва довталаби курсии ноиб-президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Сара Пейлин ширкат хоҳанд варзид, вале онҳо аз ҳузур дар гирдиҳамоӣ худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG