Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори МАГАТЭ аз барномаи Эрон


Раиси МАГАТЭ мегӯяд, ки барномаи атомии махфӣ надоштани Эронро наметавон таъйид кард.

Муҳаммад Ал-Барадеӣ, раиси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ), дар ин бора дар нишасти ин оҷонс дар шаҳри Вена эълон кард. Вай гуфт, барои дарёфти посухи дақиқ дар мавриди барномаи атомии Эрон бояд аз ҷониби мақомоти ин кишвар иҷозаи бозрасиҳои васеъ дода шавад.

Муҳаммад Ал-Барадеӣ иддаои Эрон дар мавриди он, ки бозрасиҳои бештари Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон халалдор мекунад, рад намуд. Вай афзуд, дар чунин ҳол МАГАТЭ ниёз дорад, аз ҳамаи иттилоот истифода кунад, то мутмаин бошем, ки барномаи атомии Эрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ истифода намешавад.

Нишасти Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) имрӯз, 22-юми сентябр, дар шаҳи Вена, пойтахти Австрия, ба кор оғоз кард. Мавзӯъҳои аслии ин нишаст барномаи ҳастаии Эрон ва таъсисоти атомии Сурия мебошад.

XS
SM
MD
LG