Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент бо тоҷикистониёни Амрико мулоқот мекунад


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки имруз барои ширкат дар 63-умин иҷлоси Маҷмаъи Умумии СММ озими Амрико шуд, бо раҳбарони баъзе аз созмонҳои байналмиллалӣ мулоқот мекунад. Аз ҷумла, мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ва Роберт Зеллик-раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар назар гирифта шудааст. Қарор аст 25-уми сентябр оқои Раҳмон дар иҷлоси Маҷмаъи Умумӣ суханронӣ кунад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 26-уми сентябр бо доираҳои тиҷоратии Амрико ва тоҷикистониёни муқими Амрико мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG