Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон ба барқи Туркманистон ниёз дорад


Қирғизистон ва Қазоқистон аз Туркманистон хостаанд, ки ин кишвар бо интиқоли як миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷи онҳоро бароварда созад.

Дар ин маврид Зӯҳро Муминова, сухангӯи вазорати саноеъ ва барқи Қирғизистон, рӯзи душанбе ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ иттилоъ дод. Вай гуфт, дар нишасти машваратии охири ҳафтаи гузашта, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, намояндагони чаҳор кишвар-Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон ширкат карданд. Мавсуф афзуд, ки аммо вакилони кишвари ҳамҷавори Ӯзбакистон дар ин нишасти машваратӣ иштирок накарданд.

Ба гуфтаи хонум Муминова, вакилони ин чаҳор кишвар масъалаҳои марбут ба захоири обу барқро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Зӯҳро Муминова, сухангӯи вазорати саноеъ ва барқи Қирғизистон, мегӯяд, ки дар нишасти мазбур намояндагони Қазоқистон ва Қирғизистон аз намояндаи Туркманистон хоҳиш карданд, ки кишвараш дар се моҳи ахири соли равон ва се моҳи аввали соли 2009 як миллиард киловатт соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки Қирғизистон аз ин миқдор нерӯи барқ ба Қирғизистон 250 миллион киловатт соат нерӯи барқ ҷудо хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол дар саросари Қирғизистон лимити барқ ҷорӣ шудааст. Ба далели камбуди барқ аксарияти интернет-кафеҳо ва муассисаҳои тафреҳӣ рӯзона фаъол нестанд. Нозирони роҳ, ки бояд дар кӯчаҳои шаҳри Бишкек ҳаракати нақлиётро назорат кунанд, вазифаи чароҳи роҳнамо ё светофорҳоро иҷро мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Ойилчи Сарибоев, коршиноси масоъили иқтисодӣ, мегӯяд, ки бемасъулиятии дастандаркорони ҳукуматӣ кишварашро ба бӯҳрони энерҷии барқ мувоҷеҳ намуд. Ба гуфтаи Ойилчӣ Сарибоев, онҳое сари миз нишастаанд, ки бемаҳал бонги изтироб мезананд.

Ба таъкиди коршиноси қирғиз ин дар ҳолест, ки онҳо мебоист дар оғози соли равон ба ин масъала таваҷҷӯҳ мекарданд ва ҷиҳати харидории нерӯи барқ, ки мавриди ниёзи мардуми кишвараш аст, бо ҳамтоёни худ паси мизи гуфтушунид менишастанд. Депутати порлумон Усмон Ортиқбоев бар ин назар аст, ки шахсони гунаҳкор бояд ба ҷазо маҳкум шаванд.

Усмон Ортиқбоев мегӯяд, таъсиси як комиссиюни вижа дар порлумон ҳатмист, ки масъалаи бӯҳрони барқро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ба гуфтаи депутати порлумони Қирғизистон, зеро бӯҳрони барқ эътибори кишварашро дар миёни кишварҳои ҳамҷавор коҳиш дод.

Усмон Ортиқбоев афзуд, Қирғизистон аз манбаъҳои ғании обу барқ бархурдор аст, вале ба иллати масъулиятношиносии дастандаркорони идораҳои обу барқ имрӯз кишвараш бӯҳрони шадиди барқро паси сар менамояд.

XS
SM
MD
LG