Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқоти Афғонистону Покистон бар зидди террор


Дафтари Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон имруз гуфт, Афғонистон ва Покистон ба тавофуқ расидаанд, ки баъд аз инфиҷори ваҳшатбори назди меҳмонсарои Марриоти Исломобод бо ҳам бар зидди терроризм ҳамкорӣ кунанд. Рангин Спанто-вазири хориҷаи Афғонистон мегуяд:

"Ин нишонаи он аст, ки терроризм таҳдиди ҷиддӣ барои ҳар ду кишвар, барои демократияи ҳар ду кишвар аст ва ҳукуматҳои ҳар ду кишвар маҷбур ва мукаллаф ҳастанд дар мубориза бо террорзим бо якдигар ҳамкорӣ бикунанд".
Дар инфиҷори назди Марриот дастикам 53 нафар кушта шудаанд. Дар изҳорот омадааст, Ҳомид Карзай шоми якшанбе ба Юсуф Разо Гилонӣ-нахуствазири Покистон телефонӣ тамос гирифтааст ва гуфтааст, инфиҷори назди Марриот собит месозад, ки барои пирузӣ бар терроризм бояд содиқона ва ба таври густарда бар зидди он мубориза кард. Оқои Гилонӣ дар ҷавоб гуфтааст, ки ҳоло ҳамкорӣ беш аз ҳар вақти дигар муҳимтар аст.
XS
SM
MD
LG