Пайвандҳои дастрасӣ

Бародеъӣ хостори ҳамкории бештари Ирон шуд


Маҳаммад Ал Бародеъӣ-раиси Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ аз Ирон хостааст, бо ин ожонсӣ дар посух додан ба суолоте дар мавриди тарҳҳои марбут ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ҳамкорӣ кунад. Вай гуфт:
"Шаш сол аст, ки мо талош дорем ба фаъолиятҳои ҳастаии Ирон рушанӣ андозем. Ба нафъи ҳама тарафҳо хоҳад буд, агар мо ҳарчӣ зудтар дар ин бора маълумоти комил ба даст орем".
Оқои Бародеъӣ аз аъзои ин ожонсӣ хост, ки онҳо ба бозрасони вай иҷоза диҳанд, ки бозрасон ба Теҳрон асноди аслии айбдоркунанаеро, ки аз чанд муассисаи кашф дарёфт кардаанд, нишон бидиҳанд. Имруз оқои Барродеъӣ дар мулоқоти 35 нафар ҳайати мудираи ожонсӣ изҳор дошт, ки ин ожонсӣ то ҳол барои рушан кардани тавоноиҳои низомии барномаҳои ҳастаии Ирон пешрафте ба даст наовардааст.






XS
SM
MD
LG