Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба суи чархболҳои Амрико оташ кушодааст


Мақомоти амниятии Покистон мегуянд, нируҳои амниятии ин кишвар ба суи ду чархболи амрикоӣ, ки дар минтақаи қабиланишини Покистон ҳарими ҳавоии Покистонро нақз кардаанд, оташ кушодаанд. Ин манотиқ бо Афғонистон ҳаммарз мебошад. Тирандозӣ ба суи ин чархболҳо шоми рузи якшанбе дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ рух додааст, дар минтақае, ки гуфта мешавад, Толибон ва Ал-Қоъида паноҳ мебаранд. Баъд аз оташи нируҳои Покистон чархболҳо пас баргаштаанд. Ҷониби Амрико вокунише нишон надодааст. Бори дуввум аст, ки моҳи ҷорӣ нируҳои Покистон ба суи чархболҳои Амрико оташ мегушоянд.
XS
SM
MD
LG