Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағири ҷои сарфи таъом раҳбаронро наҷот додааст


Покистон ифшо кардааст, ки раиси ҷумҳур, нахуствазир ва фармондеҳи кулли артиш шоми рузи инфиҷор бояд дар меҳмонсарои Марриоти Исломобод бо ҳам шом мехурдаанд. Раҳмон Малик-фармондеҳи нируҳои вазорати дохила ба хабарнигорон гуфтааст, ки раиси порламон барои тамоми раҳбарон дар ин меҳмонсаро ғазои шом фармудааст. Вале дар лаҳзаҳои ахир қарори онҳо тағир кардааст ва барои сарфи ғазои шом хонаи нахуствазирро интихоб кардаанд. Дар инфиҷори Марриот 53 нафар кушта шуданд. Мақомот мегуянд, дар паси ин ҳамла афроди Толибон ва Ал-Қоъида қарор доранд.
XS
SM
MD
LG