Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консули Афғонистон дар Пешовар рабуда шуд


Хабарнигори радиои Озодӣ аз Кобул гузориш додааст, ки Абдулхолиқ Фароҳӣ-консули Афғонистон дар Пешовари Покистон рабуда
шудааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки афроди мусаллаҳи номаълум ба суи мошини вай оташ кушодаанд ва ронанда дар ин ҳодиса кушта шудааст. Аҳмад Саидӣ-дипломати собиқ ва коршиноси минтақа мегуяд, рабояндагон мехоҳанд бо чунин ҳамла муносиботи Афғонистону Покистонро мутташанниҷ созанд:
"Касоне, ки ин корро мекунанд, мехоҳанд муносиботи Афғонистону Покистон як бори дигар пурташаннуҷ шавад. Ва Шурои Амният, ки ҳоло иҷлосаш оғоз шудааст, Покистон мехоҳад тавре тавҷеҳ кунад, ки гуё Покистон мушкилот дорад, шумо баъд аз ин кумакҳои низомиву иқтисодии худро ба тарафи Покистон сарозер кунед.
Консулгарии Афғонистон дар Пешовар ин хабарро таъйид кардааст. Масъулияти ин ҳамларо касе бар уҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG