Пайвандҳои дастрасӣ

Пешсафони мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. CSKA «Помир»-и Душанбе низ дастаи меҳмон - «Саройкамар»-и Панҷро бо ҳисоби 2:0 мағлуб сохт. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.

Дар ҳамин ҳол «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар 20 бозӣ 50 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Воқеъан, «Регар» ТадАЗ, ки дар даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ширкат варзида, барои дуввумин бор соҳиби ин Ҷом гардид, аз бозиҳои ду даври мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон озод буд. Бинобар ин нисбат ба ҳарифони аслиаш - «Хуҷанд» ва «Вахш» - ду бозӣ камтар анҷом додааст. «Хуҷанд» низ 50 имтиёз ба даст овардааст, вале таносуби тӯбҳои «Регар» ТадАЗ беҳтар аст. Аз ин рӯ «Хуҷанд» дар ҷои дуввум қарор гирифтааст. «Вахш» бо 48 имтиёз дар ҷои севум мебшад. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки аз 20 бозӣ 45 имтиёз дорад, дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст.


Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Регар» ТадАЗ

20

16

2

2

68-17

50

2

«Хуҷанд»

22

16

2

4

35-15

50

3

«Вахш»

22

15

3

4

40-17

48

4

«Парвоз»

20

14

3

3

42-18

45

5

«Энергетик»

23

10

3

10

39-34

33

6

«Динамо»

22

9

4

9

33-33

31

7

«Тоҷиктелеком»

22

8

1

13

31-43

25

8

CSKA «Помир»

23

6

1

16

16-45

19

9

«Саройкамар»

24

5

4

15

31-48

19

10

«Гвардия»

24

5

3

16

23-52

18

11

«Равшан»

22

4

2

16

20-56

14

XS
SM
MD
LG