Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Амрико рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти навбатии Маҷмаъи кулли Созмони милал имрӯз, 22 сентябр ба Ню-Йорк рафт.

Маҷмаъи кулли СММ рӯзи 16 сентябр ба кори худ оғоз карда буд. Дар назар аст, дар ҷараёни нишаст раҳбарон ва намояндагони беш аз 120 кишвар аз минбари СММ сухан бикунанд. Суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи 25 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Суханрониҳо рӯзи 23 сентябр оғоз хоҳад шуд. Дар ин рӯз интизор меравад, раҳбарони Амрико, Эрон, Фаронса, Гурҷистон ва ғайра суханронӣ бикунанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аллакай дар Ню-Йорк қарор дорад. Раҳбари ниҳоди масъул дар умури берунаи Тоҷикистон қарор аст, бо як қатор мақомдорони Созмони милал ва намояндагони кишварҳои дигар дидорҳо анҷом бидиҳад.

XS
SM
MD
LG