Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ёздаҳуми сентябр”-и Покистон


Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамла дар Исломободро ба дӯши худ нагирифтааст, вале мақомдорони Покистон ангушти иттиҳомро ба сӯи ал-Қоида мебаранд.

Вазорати корҳои дохилии Покистон дар анҷоми ҳамла толибони марбут ба ал-Қоидаро, ки дар манотиқи қабиланишини наздики марз бо Афғонистон паноҳ бурдаанд, муттаҳам намуд.

Вазири дифоъи Покистон Чуадҳри Аҳмад Мухтор изҳор дошт, ки бовар дорад, дар анҷоми ҳамла шаҳрвандони хориҷӣ ширкат карданд:

“Ман мехоҳам бигӯям, ки бидуни шубҳа дар ин ҳамла хориҷиҳо даст доштанд. Барои он ки узбакҳову чеченҳо, ки мо бар муқобилашон меҷангем, шаҳрвандони Покистон нестанд.”

Авамӣ Ризо Муҳаммад Ризо, узви Сенати Покистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ниҳодҳои амниятии собиқ ва ҳозираи кишварро айбдор кард, ки онҳо гурӯҳҳои исломиро барои расидан ба ҳадафҳояшон дар Афғонистону Ҳиндустон истифода мебурданд, ва дар муташанниҷ гаштани вазъ низ гунаҳкоранд.

Матбуоти покистонӣ ин бомбгузориро ба ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 ба Амрико шабоҳат медиҳад.

Меҳмонхонаи “Марриот” дар қалби Исломобод, дар масофаи ҳамагӣ як километр аз бинои порлумони кишвар ва Кохи раисҷумҳури Покистон мустақар аст. Ин ҳамларо аксарият ҳамчун шиддат ёфтани ҷанг алайҳи терроризми саросарӣ арзёбӣ мекунанд.

Баъд аз инфиҷор дар “Марриот” раисҷумҳур Зардорӣ мардуми кишварро даъват кард, то тамоми ғазабашонро барои раҳо кардани Покистон аз бемории саратони терроризм равона намоянд.

Бино бар маълумоти тозатарин, бар асари ҳамла ҳадди ақал 53 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 266 маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG