Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин ҷанҷоли шири олуда бузургтар шуд


Расонаҳои хабарии Чин иттилоъ медиҳанд, ки ҷанҷоли марбут бо шири хушки олуда миқёси бузургтаре касб намуд. Шумораи кӯдакони бистарӣ ба 13000 наздик шудааст ва табибон вазъи 104 нафари онҳоро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд. Қаблан мақомоти Чин иброз дошта буданд, ки 6244 кӯдак бемор шудааст. Ду ҳафта пеш ходимони ширкати Санлу груп эътироф карда буданд, ки баъди истеъмоли шири ин ширкат дар гурдаи кӯдакон санг ва бемориҳои дигар пайдо шудаанд.
XS
SM
MD
LG