Пайвандҳои дастрасӣ

Бунгоҳи ҳаставии СММ барномаи Эронро баҳс мекунад


Имрӯз дар Вена ҷаласаи Шӯрои мудирони Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ доир мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки мавзӯи асосии ин нишаст барномаи ҳаставии Эрон бошад. Дар гузориши худ бунгоҳи ҳаставии СММ Эронро бо пинҳон нигаҳ доштани аснод ва манъи зиёрат аз баъзе муассиаҳо мутаҳам кард. Шореҳон тахмин мекунанд, ки дар байни 35 узви Шӯрои мудирон якдилӣ ҳосил нахоҳад шуд. Шояд кишварҳои ғарбӣ аз Эрон даъват кунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз муҷозоти бештар бо бунгоҳи ҳаставии СММ ҳамкориро тавсеа бахшад. Вале пешбинӣ мешавад, ки Русия, Чин ва кишварҳои дар ҳоли рушд на аз муҷозот, балки аз муколама бо Эрон пуштибонӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG