Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Африқои Ҷанубӣ барканор шуд


Дар авҷи ҷиддитарин бӯҳрони сиёсӣ аз замони хатми апартеид ( нифоқ миёни сияҳпӯстон ва сафедпӯстон) президенти Африқои Ҷанубӣ Табо Мбекӣ ба истеъфо рафт. Дар як паёми телевизионӣ Мбекӣ гуфт, ӯ бо тақозои ҳизби ҳокими Конгресси миллии Африқо ба истеъфо меравад. Ҳизби ҳоким мегӯяд, ҳангоми таҳқиқи парвандаи рақибаш Ҷакоб Зума Мбекӣ ба тафтиш дахолат кардааст. Ҳоло Зума раҳбари ҳизби Конгресси миллии Африқо мебошад. Мбекӣ айбномаро рад кард. Барканоршавии Мбекӣ роҳро барои раёсатҷумҳурии Зума боз мекунад.
XS
SM
MD
LG