Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупоиҳо омилҳои болоравии нархҳоро баҳс мекунанд


Раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо Фаронса мегӯяд, соҳаи кишоварзии саросари олам дар тӯли камаш даҳ соли оянда бо мушкили танзими тавозун дар таъмини озуқа мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Дар як лоиҳа, ки миёни вазирони аврупоӣ мавриди арзёбӣ қарор дорад, Фаронса гуфтааст, болоравии ахири нархи ғалла, биринҷ, чорво ва дигар маводи ниёзи аввалияро метавон омилҳои мухталиф аз ҷумла ҳавои ғайри қобили пешбинӣ, қимати нафт, рушди маводи сӯхти биологӣ ва ҳамчунон тағйири истеъмоли озуқа дар Чин, Бразилия ва Ҳиндустон барин кишварҳо, марбут донист. Ба қавли муаллифони ин лоиҳа ҳамаи ин омилҳо боиси ноустувории нархҳо дар давоми даҳ соли оянда хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG