Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё-2008 гардид.

«Регар» ТадАЗ дар бозии ниҳоӣ, ки бегоҳи 21-уми сентябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, бар тими мизбон - «Дордой-Динамо»-и Норин аз рӯи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби умумии 5:4 пирӯз гардид.

Легионери тими мизбон Дэвид Тетте, аз Гана, дар дақиқаи 34-ум ҳисобро боз кард. Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии «Дордой-Динамо» хотима ёфт.

Дар нимаи дуввуми бозӣ Давронҷон Тухтасунов, бозигари «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 53-юм ҳисобро баробар намуд. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ низ ҳисоб тағйир наёфт.

Бозигарони дастаи «Регар» ТадАЗ дар задани зарбаҳои 11-метра маҳорати баланд зоҳир карда, бо ҳисоби 4:3 ғолиб шуданд.

Пеш аз ин дидор «Регар» ТадАЗ дар бозии ниманиҳоӣ дар ҳамин варзишгоҳ бар дастаи «Ишқобод»-и Туркманистон бо натиҷаи 4:3 ғалаба карда буд. Голи дар замони изофӣ ба самар расондаи Хуршед Маҳмудов (дар дақиқаи 112-ум) ба дастаи «Регар» ТадАЗ пирӯзӣ овард. Қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон, ки барои севумин бор дар ин мусобиқот ширкат варзид, маротибаи дуввум Ҷоми раиси AFC-ро ба даст овард. Воқеъан, «Регар» ТадАЗ, ки нахустин барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ба шумор меравад, соли 2005 дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Дордой-Динамо» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Дастаи «Дордой-Динамо», ки барои чаҳорумин бор дар ин мусобиқот ширкат намуд, ду бор – солҳои 2006 ва 2007 соҳиби Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё гардидааст.

Капитани "Регар" ТадАЗ Хуршед Маҳмудов беҳтарин бозигари мусобиқот эътироф гардид. Инчунин, ба дастаи "Регар" ТадАЗ ҷоиза барои бозии мунсифона супурда шуд.

XS
SM
MD
LG