Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳкумияти ҳамлаи хунин дар Исломобод


Normal 0

Кишварҳои ҷаҳон ва Созмони Милал бомбгузорӣ дар пойтахти Покистонро маҳкум карданд, аз ҷумла раҳбарони минтақавӣ низ онро башиддат маҳкум намуданд. Вазири умури хориҷаи Эрон бомбгузориро “иқдоми терористӣ” номид. Ҳамтои ӯ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Йан Ҷиечӣ гуфт, “кишвари ӯ мухолифи тамоми навъи тероризм” аст. Нахуствазири Ҳинд Маҳмоҳан Сингҳ гуфт, ин ҳамла ёдоварӣ аз вуҷуди “нерӯҳои харобкор” аст, ки мухолифи мӯътадилон ҳастанд. Созмони Конфронси Исломӣ, ки Тоҷикистон узви он низ мебошад, ҳамларо амали дасти душманони сулҳ ва мухолиф ба Ислом номид. Раиси ҷумҳури Афғонистон бомбгузорӣ дар Исломободро, ки 53 нафарро кушт,"ғайриинсонӣ" хонд.

XS
SM
MD
LG