Пайвандҳои дастрасӣ

Қавли Зардорӣ барои маҳви тероризм


Normal 0 Ба думболи бомбгузории хунин дар меҳмонсарои Марриоти шаҳри Исломобод, раиси ҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ қавл дод, ки "саратони тероризм" дар ин кишварро аз байн хоҳад бурд. Ин ҳамлаи маргталабона чанд соат баъд аз савганд ёд кардани Осифӣ Алӣ Зардорӣ ба ҳайси раиси ҷумҳур ба вуқӯъ пайваст. Бар асари инфиҷор дар назди меҳмонхона, аз 40 то 60 нафар кушта шудаанд ва мақомот мегӯянд, зоҳиран теъдоди қурбониён хоҳад афзуд, зеро аҷсоди қурбониёнро ҳанӯз ҳам аз зери харобаҳо берун мекунанд. Кишварҳои ҷаҳон ва Созмони Милал бомбгузориро маҳкум карданд. То кунун ягон гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, вале маъмурони амниятии Амрико мегӯянд, дар таркиш тамоми усулҳои созмони терористии Ал-қоида дида мешавад.
XS
SM
MD
LG