Пайвандҳои дастрасӣ

Уқёнуси яхбастаи шимолӣ ва кишварҳои соҳилии он


Дар ҳоле, ки боз 4 кишвар бар қисматҳое аз ин уқёнус даъво доранд, Русия муддаъии ба даст овардани 18 дарсади Арктика аст.

Ахиран раисҷумҳури ин кишвар Дмитрий Медведев эълом кард, ки Русия бояд ҳарчи зудтар марзҳои қорраии Арктикаро муъайян кунад.
Николай Патрушев, раиси шӯрои амнияти Русия, низ таъйид кард, ки Русия мехоҳад бистари Уқёнуси яхбастаи шимолиро дар миёни кишварҳои соҳилӣ тақсим кунад ва дар оянда бар ин мавқеъи худ пофишорӣ хоҳад кард.
Д. Медведев ба ҳамин нукта ишора карда, иддаъо намуд, ки Русия бояд ҷиҳати ҳифзи манофеъи миллии худ дар минтақа барои солҳои тӯлонӣ талош кунад: «Ҳадафи аслии мо Арктикаро ба пойгоҳи захираҳои Русия дар қарни 21 табдил додан аст. Барои ҳалли ин мушкил бояд масъалаҳои зиёдеро ҳал кард. Яке аз масъалаҳои умдаи мо таъмини амнияти миллӣ дар ин минтақа аст».
Дар ҳамин ҳол, барномаи манофеъи миллии Русия дар Арктика то соли 2020 ва солҳои баъдӣ барномарезӣ шудааст ва иҷрои ин барнома тавъам бо захираҳои молӣ ҷиддӣ гирифта мешавад.
Ахиран Дмитрий Медведев дар ин замина аз давлат тақозо кардааст, ки то 1-уми декабри соли равон барномаҳои дақиқро тарҳрезӣ ва ироъа кунад: «Барои расидан ба аҳдофи худ дар равобит бо кишварҳои соҳилӣ бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ мо бояд аз асноди қонунӣ бархурдор бошем, то тавониста бошем мулкияти худро дар ин қорра таъйид кунем».
Аксари коршиносон ба ин назаранд, ки, ба далели онки ин минтақа аз захоири ғании нафту гоз бархурдор аст, тақсими бистари Уқёнуси яхбастаи шимолӣ миёни 5 кишвари соҳилии он сурат хоҳад гирифт. Коршиносон ҳамчунин бар ин боваранд, ки дар минтақаи мазкур 25 дарсади захоири ҷаҳонии нафту гоз мавҷуд аст. Бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ, уқёнус наметавонад комилан моликияти кишваре бошад – ҷуз минтақаи 12 миллии кишварҳои соҳилӣ. Зеро, шарҳ медиҳанд мутахассисону коршиносони соҳа, бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ, уқёнус арзиши умумибашарист.
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан Русия, Конодо, Амрико, Норвегия ва Дания ба ин минтақа аҳамияти зиёд медиҳанд ва даъвои мулкият бар онро доранд.
XS
SM
MD
LG