Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои сарвазири Исроил


Эҳуд Олмерт: Истеъфо, баъд чӣ?
Эҳуд Олмерт: Истеъфо, баъд чӣ?

Эҳуд Олмерт аризаи истеъфояшро расман ба президент Шимон Перес пешниҳод кард.

Акнун Олмерт тасмим гирифтааст, номашро аз иттиҳоми фасод пок кунад. Вале то замони фаъол шудани ҳукумати нав Олмерт иҷрокунандаи вазифаи сарвазир боқӣ мемонад. Шореҳон дурнамои таҳаввулоти сиёсии Исроилро чӣ гуна арзёбӣ мекунанд?

Интихоб зиёд нест: ё дар Исроил ба зудӣ ҳукумати нав таъсис меёбад ва ё моҳи март дар ин кишвар интихоботи нави парламентӣ баргузор мегардад. Президенти Исроил Шимон Перес мегӯяд, қабл аз дархости ташкили ҳукумат бо намояндагони ҳамаи 13 гурӯҳи парламент мулоқот мекунад.

Ҳафтаи гузашта ҳизби ҳокими Кадимаи Исроил вориси Олмертро интихоб кард. Вазири корҳои хориҷии Исроил хонум Типсӣ Ливнӣ бо пирӯзии начандон бузург бар вазири нақлиёти Исроил Шаул Мофаз раҳбари ҳизб пазируфта шуд. Баъди эълони пирӯзиаш Ливнӣ гуфта буд:

"Умеду орзуи аъзои ҳизби Кадима дар дили ман ҷой гирифтаанд. Ман ин қарори онҳоро ҳамчун масъулият на танҳо барои раҳбарии ҳизб, балки ҳамчунин барои ишғоли курсии сарвазири Исроил мебинам. Ман бо ҳамин эҳсос пирӯзиро қабул дорам."


Олмерт иброз доштааст, ки дар канори Ливнӣ хоҳад буд. Аммо худи Ливнӣ ҳам вақтро беҳуда сарф накарда, аллакай дар паи ташкили ҳукумати нав аст. Ӯ аллакай бо раҳбарони ҳизби Шас ва вазири мудофиа Эҳуд Барак, ки раҳбарии ҳизби кории Исроилро бар дӯш дорад, вохӯрд.

Дар ҳақиқат ҳукумати ояндаи Исроил бояд дар муддати кӯтоҳ кори бузургеро ба анҷом расонад. Олмерт ва раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос дар чорчӯби раванди сулҳ зери сарпарастии ИМА ӯҳдадор шуда буданд, ки то моҳи январ созиши умумии сулҳро ба имзо мерасонанд. Ливнӣ ҷонибдори идомаи музокироти сулҳ ва гузашт ба фаластиниҳо баҳри сулҳи давомдор аст. Вале агар ӯ дар ташкили ҳукумати нав ноком гардад, баҳори соли оянда дар Исроил интихобот барпо мешаваду то он замон Олмерт иҷрокунандаи вазифаи сарвазири ин кишвар боқӣ хоҳад монд. Дар чунин вазъ раванди сулҳ мутаваққиф мешавад.

Имрӯз пеш аз сафар ба Амрико президенти Исроил бо намояндагони ҳизбҳои парламентии ин кишвар вомехӯрад. Рӯзи сешанбе президенти Исроил Шимон Перес дар маҷмаи кулли СММ суханронӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG