Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Исроил истеъфо медиҳад


Normal 0 Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт имрӯз эълом кард, ки аз мақомаш истеъфо хоҳад дод. Эҳуд Олмерт, ки дар як қазияи фасодкорӣ шарик дониста мешавад, гуфт, бовар дорад, ки “дуруст ва мувофиқ ба арзишҳои раҳбарии хуб” рафтор мекунад. Маълум нест, нахуствазири Исроил кай расман аризаи истеъфояшро ба Шимон Перес - раиси ҷумҳури Исроил пешниҳод хоҳад кард. Пас аз дархости истеъфо, то замони таъсиси ҳукумати нави Исроил аз роҳи ташкили эътилоф дар порлумон ва ё баргузории интихоботи нав, Эҳуд Олмерт иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Исроил хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG