Пайвандҳои дастрасӣ

Исломобод: ҳалокати 54 кас дар пайи як инфиҷор


Меҳмонхонаи "Марриот" баъди инфиҷор

Меҳмонхонаи "Марриот" баъди инфиҷор

Бар асари инфиҷори як бомб дар наздикии меҳмонсарои «Марриот»-и пойтахти Покистон дастикам 54 нафар кушта шуд.

Инфиҷор ба андозае қавӣ будааст, ки садои онро дар тамоми шаҳр шунидаанд. Даҳҳо тани дигар дар натиҷаи таркиши захм бардоштаанд. Мақомоти кишвар бар инанд, ки зоҳиран теъдоди қурбониён бештар хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пайи инфиҷор афроди зиёде дар дохили меҳмонхонаи оташгирифта банд монданд ва теъдоди на кам аз 250 кас захмҳои мухталиф бардоштаанд.
Дар меҳмонсарои "Марриот" асосан хориҷиён иқомат мекунанд ва пеш аз ин ҳам тундравон меҳмонсарои мазкурро ҳадаф гирифта буданд. Ин инфиҷор баъди чанд соат аз он ба вуқӯъ пайваст, ки раисҷумҳури тозаинтихобшудаи Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар нахустин паёмаш ба порлумони кишвар эълом намуд, ки кишвараш ҳеч гуна терористони хориҷӣ ва ё “таҳти унвони мубориза бо тероризм” аз тарафи ягон қудрат халалдор кардани истиқлол ва тамомияти арзии Покистонро таҳаммул нахоҳад кард.
Дар баробари ин Осиф Алӣ Зардорӣ аз порлумони кишвар хостааст, то салоҳиятҳои раисҷумҳур, бахусус ҳаққи ӯ барои пароканда кардани ҳукумат ва маҷлисҳои вилоятиро, кам кунад.
Зардорӣ ҳамчунин аз ҳукумати Покистон хоста буд, ки дар иродааш ҷиҳати муқовимат ба нерӯҳои хориҷӣ муҳкам бошад ва нагузорад, то он нерӯҳо ба қаламрави Покистон ворид шаванд.
XS
SM
MD
LG