Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 40 нафар дар таркиши Исломобод


Бар асари таркиши як бомб дар наздикии меҳмонсарои "Марриот" дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон дасти кам 40 нафар кушта шудаанд. Инфиҷор ба андозае қавӣ будааст, ки садои онро дар тамоми шаҳр шунидаанд. Даҳҳо тани дигар дар натиҷаи таркиши захм бардоштаанд ва мақомот мегӯянд, зоҳиран теъдоди қурбониён бештар хоҳад шуд. Normal 0

Бар асари таркиши як бомб дар наздикии меҳмонсарои "Марриот" дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон дасти кам 40 нафар кушта шудаанд. Инфиҷор ба андозае қавӣ будааст, ки садои онро дар тамоми шаҳр шунидаанд. Даҳҳо тани дигар дар натиҷаи таркиши захм бардоштаанд ва мақомот мегӯянд, зоҳиран теъдоди қурбониён бештар хоҳад шуд. Афроди зиёде низ дар дохили меҳмонхонаи оташгирифта банд мондаанд. Дар меҳмонсарои "Марриот" дар Исломобод асосан хориҷиён иқомат мекунанд ва пеш аз ин ҳам тундравон меҳмонсарои мазкурро ҳадаф гирифтаанд. Ин таркиш баъди чанд соат аз он ба вуқӯъ пайваст, ки раиси ҷумҳури нави Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар нахустин паёмаш ба порлумон гуфт, кишвараш ҳеҷ гуна терористони хориҷӣ ва ё “таҳти номи мубориза бо тероризм” халалдор кардани истиқлол ва тамомияти арзии Покистон таҳаммул нахоҳад кард.


XS
SM
MD
LG