Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳу Ҷинтао мақомоти Чинро сарзаниш кард


Ба думболи ошкор шудани шири заҳролуд дар Чин, ки сабаби марги чаҳор тифл шуд, раиси ҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао мақомоти маҳаллӣ дар ин кишварро башиддат интиқод кардааст. Ҳу Ҷинтао дар як ҳамоиши Ҳизби Коммунист дар рӯзи ҷумъа гуфтааст, силсилаи ҳодисаҳои воҳимаангези беҳдоштӣ дар Чин нишон медиҳад, ки баъзе аз мақомот "эҳсоси масъулият ва манфиати оммаро" фаромӯш кардаанд. Мақомоти Чин ин ҳафта гуфтанд, дар шири хушки тавлиди дохилӣ "меламин" як моддаи кимиёвии кушандаеро ошкор карданд. Бар асари истеъмоли шири олуда то кунун 6 200 нафарро бемор ва чаҳор кӯдаки навзод ҳалок шудаанд. Меламинро на танҳо дар шири хушк балки дар дигар маҳсулоти ширӣ дар Чин ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG