Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таназзули озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон


Normal 0 Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, эҳтиром гузоштан ба озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон тайи як соли ахир рӯ ба таназзул ниҳодааст. Ба гуфтаи вазорат, дар ин давра ҳукумат кӯшид то тамоми бахшҳои мазҳабии зиндагии мардумро таҳти назорат бигирад ва мақомоти ҳукуматӣ гурӯҳ, созмон ва шахсиятҳои мазҳабиро фаъолона назорат кардаанд. Дар гузориши солонаи вазорат дар мавриди озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон гуфта мешавад, ин сиёсати ҳукумати Тоҷикистон баёнгари нигарониҳо аз тундгароии исломӣ аст ва мақомоти расмӣ эҷоди маҳдудият дар озодиҳои мазҳабиро бо ҳамон нигарониҳо тавҷеҳ медиҳанд. Ҳарчанд Қонуни Асосии Тоҷикистон озодии мазҳабиро пешбинӣ мекунад, аммо ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Амрико баъзе аз фармону санадҳои қонунгузорӣ бо ин банди қонун дар таноқузанд. Дар гузориши солонаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар мавриди риояти озодии мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон, ки шоми ҷумъа 20 сентябр нашр шуд, ҳамчунин омадааст, ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунон сиёсати дунявиро тарвиҷ карда ва имкон додааст, то фароизи мазҳабӣ таҳти назорати шадид ба ҷо оварда шавад. Гузориши солонаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар мавриди озодиҳои мазҳабӣ давраи аз 1-уми июли соли 2007 то 30 июни соли 2008 дар бар гирифтааст.
XS
SM
MD
LG