Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Буш аз барномаи раҳоӣ аз бӯҳрон


Normal 0

Вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Полсон гуфт, ҳазинаи барномаи раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ, ки давлати Амрико пешниҳод мекунад, “садҳо миллиард доллар”-ро ташкил хоҳад дод.

Президенти Амрико Ҷорҷ Буш ба дунбол ин шабу рӯзро барои иқтисоди Амрико сарнавиштсоз номида, аз Конгресс даъват кард, барномаи пешниҳодиро тасвиб кунад: “Ҳоло вақти тарафкашӣ нест. Мо бояд ба хотири таҳияи ҳарчӣ зудтари қонунгузории оҷилан лозим муттаҳид шавем. Бидуни изофаи пешниҳодоти зиддунақизе, ки метавонанд ин иқдомро ба таъхир андозанд.”

Қасди таҳияи чунин барнома аз сӯи давлати Амрико алакай ба бозорҳои дунё таъсир кардааст. Рӯзи ҷумъа қимати саҳом дар бозорҳои бурси Осиё ва Аврупо ба таври қобили мулоҳиза боло рафт. Қурби доллар ҳам як каме афзуда, ва шохиси санъатии Dow Jones низ дар оғози фурӯшоти рӯзи ҷумъаи биржаи Ню-Йорк 400 нуқтаи дигар боло рафтааст.


XS
SM
MD
LG