Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: "Русия "девори оҳанин" бардоштанӣ нест"


Normal 0

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи ҷумъа гуфт, ки ӯ хоҳишманди баҳс ба Ғарб ва дубора пушти “девори оҳанин” қарор додани Русия нест. Медведев дар мулоқот бо гурӯҳҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ҳамчунин паймони НАТО-ро дар таҳрик додани низоъи моҳи гузашта бо Гурҷистон айбдор кард.

Сарвазири Русия Владимир Путин низ рӯзи ҷумъа гуфт, Маскав қасди ба рӯи хориҷиён бастани бозорҳояшро надорад. Путин шадидан аз кишварҳое интиқод кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, мехоҳанд, Русияро ба даврони ҷанги сард баргардонанд.

Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс рӯзи панҷшанбе гуфт, Русия дар сиёсати дохилӣ ҳарчӣ бештар худкома ва дар сиёсати хориҷӣ ҳарчӣх бештар султаҷӯ мешавад ва пой ба пайроҳаи бебозгашти инзивоъ ва обрӯрезӣ ниҳодааст.
XS
SM
MD
LG