Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стротегӣ (IISS) мутмаин аст, ки Гурҷистон пас аз низоъ бо Осетияи Ҷанубӣ имкони узвияти худ дар НАТО-ро маҳдуд сохтааст.

Дар гузориши солонаи ин Пажӯҳишгоҳи мақараш дар Лондон омадааст, ки Амрико барои ба узвияти ҳарчӣ зудтари Гурҷистон ва Укроин дар НАТО пойфишорӣ хоҳад кард ва аммо кишварҳои аврупоии узви Паймон бояд аз ин ҷилавгирӣ кунанд. Ба навиштаи муаллифон, «аврупоиҳо бо далелҳои қотеъ метавонанд бигӯянд, ки таваққуф дар сиёсати густариши НАТО аз манфиатҳои стротегии ин Паймон аст».

Ҷон Чипман, раиси IISS ҳам зимни муаррифии гузориши солона густариш ёфтани НАТО дар марҳалаи феълиро “иштибоҳи стротегӣ” хонд. Ӯ афзуд, алҳол барои бо шитобзадагӣ ба узвияти НАТО қабул кардани Укроин ва Гурҷистон далеле мавҷуд нест ва ҳамзамон далелҳои ҷиддие мавҷуданд, ки густариши Паймон мутаваққиф шавад.

Муаллифони гузориш мутмаинанд, ки вокуниши Маскав ба ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубӣ воқеъан ҳам шадид, берун аз ҳад ва беасос буд. Ҳамзамон онҳо ҳушдор додаанд, ки Ғарб дар вокуниш ба ин амали Русия ва дар робита ба манфиатҳои ин кишвар дар минтақа бояд аз эҳтиёт кор бигирад.

Дар гузориши Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стротегӣ ишора шудааст, ки барои Ғарб робита бо Русия ҳарчӣ мушкилтар мегардад ва дар ин вазъ аҳамияти бӯҳрон дар Гурҷистонро набояд аз ҳад беш нишон дод. Ба навиштаи муаллифон, ҳаводиси моҳи август оғози “ҷанги сард”-и нав нест, зеро аз як сӯ, ягон ҷониб ҷанги сарди навро намехоҳад ва аз сӯи дигар далели шурӯъи он хело ночиз аст. Ҳамзамон IISS иқрор мекунад, ки бо ҷанг дар Гурҷистон “романтика”-и давраи баъд аз “ҷанги сард” аз байн рафт.

Пажуҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стротегӣ дар гузориши худ баръакси ИМА ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ, ки аз Тифлис пуштибонӣ кардаанд, амалкарди Гурҷистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст. Агар дар ин ҳодиса Гурҷистон айбдор аст, пас ҷурми Русия, ки дар истифодаи аз ҳад беши нерӯ муттаҳам мешавад, бузург нест.

Ба гуфтаи Ҷон Чипман, раиси IISS, иттилоъи мавҷуда гувоҳ аст, ки ҷангро Гурҷистон шурӯъ кардааст. Тифлис иддао дорад, ки нерӯҳои Русия то шурӯъи амалиёт дар қаламрави Осетияи Ҷанубӣ ҳузур доштанд ва аммо Маскав мегӯяд, ки ба ҳамла аз сӯи Гурҷистон посух додааст. Дар ҳамин ҳол бархе аз сиёсатмадорон хостори пажуҳиши байнулмилалии ҳаводиси Осетияи Ҷанубӣ шудаанд.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, “Тифлис ҳушдори Вошингтон барои номатлубии амалиёти низомӣ алайҳи Осетияи Ҷанубиро нодида гирифт ва аз ин рӯ ин кишварро наметавон ҳампаймони боэътимод номид”. Коршиносон мутмаинанд, ки гузориши ахири Пажуҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стротегӣ эҳсоси ҳамдардӣ ба Гурҷистон ва раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро коҳиш хоҳад дод.

Оксана Антоненко, коршиноси IISS мегӯяд, дар ҳоле, ки нуфузи Амрико дар ҷаҳон коҳиш меёбад, Иттиҳодияи Аврупо бояд дар ташаккули ибтикороти сиёсӣ нақши муҳим дошта бошад. Вале, меафзояд ӯ, айни ҳол Брюссел барои ин иқдом омода нест. Ба гуфтаи таҳлилгар, қабл аз ҳама бояд раёсати давраии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз байн бурда шавад, зеро агар замони бӯҳрон дар Гурҷистон сарварии Иттиҳодия на бар дӯши Фаронса, балки бар ӯҳдаи ягон кишвари дигар мебуд, шояд низоъ миёни Русияву Гурҷистон ва ба думболи он низоъи Ғарб бо Русия хело жарфтар мешуд.

Созиши Лиссабон таъсиси мақоми раиси доимии Иттиҳодияи Аврупо ва таҳкими мавқеъи Комиссари Иттиҳодияи Аврупо оид ба сиёсати хориҷиро дар назар дорад ва аммо ин созиш ҳанӯз аз сӯи ҳам кишварҳои узви Иттиҳодияи тасвиб нашудааст.

Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стротегӣ ( The International Institute for Strategic Studies) соли 1958 дар Лондон таъсис шуда айни ҳол дар Вошингтон ва Сингапур ҳам дафтар дорад. Ин IISS мутахассисону созмонҳои алоҳидаи тақрибан сад кишвари олам ҳамкорӣ мекунанд. Ин ниҳоди мустақил ҳаводиси муҳиму стратегии марбут ба амнияти миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳониро пажӯҳиш мекунад.


XS
SM
MD
LG