Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Деҳлии нав ду тан кушта шудаанд


Normal 0

Пулиси Ҳинд дар як даргирӣ дар қисмати мусалмоннишини пойтахт, Деҳлии нав, ду нафареро, ки гумон мераванд, ҷангиёни исломӣ бошанд, ба ҳалокат расондааст. Даргирии рӯзи ҷумъа дар Деҳлии нав як ҳафта баъд аз силсилаи таркишҳо дар пойтахти Ҳинд иттифоқ уфтод. Дар он инфиҷорҳо 22 нафар кушта ва наздики 100 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти бамбгузориҳои панҷ моҳи ахир дар Ҷайпуру Бангалор ва Аҳмадободу Деҳлии навро, ки дасти кам 130 кушта барҷой гузоштааст, гурӯҳи Муҷоҳидини Ҳинд бар ӯҳда гирифтааст.


XS
SM
MD
LG