Normal 0
Инфиҷори як маводи мунфаҷираи монанд ба норинҷак дар рустои Саричашмаи ҷамоати Пахтакори ноҳияи Восеъ шоми панҷшанбе мунҷар ба ҳалокати 2 кӯдаки яке синфи 2 ва дигаре синфи 4 – Маҳмадҷон Азизов ва Наврӯз Забиров - шудааст.
Дар асари ин таркиш 3 тифли дигари аз 4 то 7-сола захм бардоштаанд.
Мақомоти додситонии ноҳияи Восеъ, ки ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардаанд, мегӯянд, кӯдакон норинҷаки ҷангиро аз партовгоҳ пайдо кардаанд.