Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як мард дар таркиши мина дар Моғиён


Normal 0

Инфиҷори мина дар минтақаи бо Узбакистон ҳаммарзи Моғиёни Панҷакент як марди 35-соларо кушта барҷой гузошт.

Абдулмаҷид Бозоров, намояндаи ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар, ба радиои Озодӣ гуфт, ин фоҷиъа дар мавзеъи Қарокамари Моғиён дар пойи кӯҳи Султон, ки марзи Тоҷикистону Узбакистон рӯи он мегузарад, иттифоқ уфтодааст.

Узбакистон дар соли 2000 дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон шурӯъ кард.

То кунун дар асари инфиҷори мина дар ин марзҳо тақрибан 80 нафар ба ҳалокат расидаанд.


XS
SM
MD
LG