Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии сангин дар Деҳлии нав


Normal 0

Расонаҳои Ҳинд мегӯянд, пулиси ин кишвар рӯзи ҷумъа дар пойтахт, Деҳлии нав, бо як гурӯҳе, ки бовар меравад, ҷангиёни исломӣ бошанд, вориди задухӯрд шудааст. Бино ба хабарҳо, дар ин даргирии сангин, ки дар қисмати мусалмоннишини пойтахти Ҳинд сурат гирифт, дасти кам як ҷангӣ кушта шудаааст.

Даргирии рӯзи ҷумъа дар Деҳлии нав як ҳафта баъд аз силсилаи таркишҳо дар пойтахти Ҳинд иттифоқ уфтод. Он инфиҷорҳо 22 нафарро кушта ва наздики 100 тани дигарро захмӣ барҷой гузошта буд.

Масъулияти бамбгузориҳои ахирро як гурӯҳе, ки худро Муҷоҳидини Ҳинд меномад, бар ӯҳда гирифтааст.


XS
SM
MD
LG