Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи дуввуми нишасти вазирони НАТО дар Лондон


Normal 0

Нишасти дурӯзаи вузарои дифоъи кишварҳои узви паймони низомии НАТО рӯзи ҷумъа дар Лондон ба поён мерасад. Пайомадҳои иқдоми низомии Русия дар Гурҷистон ба ояндаи равобити НАТО бо Маскав рӯи дастури кори ин нишаст низ таъсир гузоштааст. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар оғози нишасти Лондон гуфт, байни кишварҳои узви паймон дар Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ пиромуни роҳу шеваҳои посух ба чолиши ношӣ аз Русия ихтилофи назар вуҷуд дорад. Гейтс гуфт, НАТО дар мавриди равобиташ бо Русия бояд аз тавтиъа ва иғво парҳез кунад, вале бояд ҳамзамон муттаҳидинаш дар шарқи Аврупо ва соҳили Балтикро тавассути идомаи машқҳо тазмини бештар бидиҳад.
Normal 0

Мавзӯъи дигари нишасти НАТО дар Лондон вазъи Афғонистон ва вазъи нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти он кишвар аст, ки таҳти фармони ин паймон амал мекунанд.



XS
SM
MD
LG