Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз буҳрон: бозорҳои молӣ ба худ меоянд


19-уми сентябр фурӯшҳо дар ду бозори умдаи бурси Русия - РТС ва ММВБ – дигарбора қатъ карда шуд. Вале ба фарқ аз дафъаҳои қаблӣ, ин ду биржа ин бор ба иллати афзоиши ҳайратовари қимати сиҳом баста шуданд.

Аллакай дар дақоиқи аввали фурӯшоти рӯзи 19 сентябр қимати саҳмияҳои ширкатҳои нафтии Роснефт, Транснефт ва Татнефт – аз 21 то 24 дарсад, Газпром – наздики 17 ва Лукойл – 11 фоиз боло рафт. Қимати саҳмияҳои бонкҳои бузурги ин кишвар – Сбербанк ва Внешторгбанк мутаносибан 15 ва 39 дарсад афзоиш дошт. Ба сурати умум, шохиси умумии РТС наздики 14 ва шохиси ММВБ қариб 18 дарсад рушд доштаанд.

Ин аст, ки бо вуҷуди зуд қатъ шудани фурӯшот, биржаҳои русӣ баъд аз 5 рӯзи уфти башиддат ва беисти қимати саҳом рӯзи 19 сентябр бори аввал нафаси сабук кашиданд.

Рушди босуръати қимати саҳом дар ин бозорҳо баъди шурӯъи дубораи фурӯшоташон низ идома карда, шохиси РТС ин бор то 20 ва шохиси ММВБ ин дафъа 26 дарсад боло рафт ва дар ниҳоят далели бори дуввум қатъ шудани фурӯшот дар ин ду бозори умдаи бурси Русия шуд.

Чунин афзоиши ҳайратангези қимати саҳом хоси танҳо бозорҳои бурси Русия набуд. Таскин ёфтани бозорҳои бурс аллакай шоми панҷшанбе аз худи бозорҳои Амрико оғоз ёфт ва рӯзи ҷумъа ба бозорҳои бурси Осиё ва сипас Аврупо кӯчид. Таҳлилгарон мегӯянд, чанд омили умда, аз ҷумла, барномаи маъмурияти Амрико ба хотири рафъи бӯҳрони молӣ ва тааҳҳуди рӯзи панҷшанбеи бонкҳои марказии 6 қудрати муҳим, бо шумули Амрикову Ҷопон ва Бритониёву ИА, эътимодро ба бозорҳои бурс аз нав зинда карданд.

Зоҳиран, маъмурияти Амрико мехоҳад бо дахолати густарда пеши роҳи ин бӯҳронро бигирад. Вазири дороии Амрико Ҳенри Полсон, ки ҳамроҳ бо раиси Бонки федеролӣ Бен Бернанке барномаи муқобила бо бӯҳрони молиро бо раҳбарони Конгресс баррасӣ мекард, гуфт, ки давлати Амрико як барномаи воқеъии раҳоӣ аз вартаи бӯҳронро дар даст дорад, ки иҷрояш ислоҳоти қонунгузориро тақозо мекунад. Ҳенри Полсон гуфт, ӯву раҳбарони Конгресс ба ҷараёни ислоҳи қонунҳо ба хотири наҷот додани бонкҳо аз вартаи мушкилоти қарзҳо, ки як иллати аслии талотумҳои ахир дар бозорҳои бонкӣ дониста мешавад, оғоз кардаанд. Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс гуфтааст, тангии фурсат онҳоро маҷбур мекунад, ки зуд иқдом кунанд.

Ҳадаф аз ин барномаи давлати Амрико ва ҳам аз табодири муштараки 6 бонки умдаи марказии дунё зоҳиран таъсиси сандуқҳои вижаест, ки дар сурати пеш омадани хатари расвоии молӣ ва ё уфту хези башиддати қимати саҳом тавассути иттихози маболиғи лозим аз ин сандуқҳо ба вазъи бӯҳронии пешомада расидагӣ кунанд. Яъне, акнун бонкҳои бузурги Амрико, ба мисли Goldman Sachs ва Morgan Stanley, ки монанди Lehman Brothers-и расвошуда низ дар остонаи варшикастагӣ қарор доштанд, имкон пайдо мекунанд мунтазири дасти кӯмаки давлат бинишинанд.

Эълони ин барнома билофосила ба авзоъ дар бозорҳои ҷаҳон таъсир гузошт. Алакай шоми панҷшанбе қимати саҳмияҳои бонкҳои бузурги амрикоӣ боло рафт. Аз ҷумла арзиши саҳмияҳои Citi Group 19 ва Wachovia 59 % афзудааст.

Умдатарин шохисҳои бозорҳои бурси Амрико низ базудӣ ба рушди ҳайратоваре даст ёфтанд. Шохиси саноатии Dow Jones, масалан, 3,86% афзуда, ба 11 019, 69 нуқта расид. Standart & Poor’s ва Nasdaq низ беш аз 4 фоиз афзоиш доштаанд.

Рӯзи ҷумъа шохисҳои аслии бозорҳои бурси Осиё низ ба рушди на камтар аз 3 дарсад даст ёфтанд. Бозорҳои Аврупо низ субҳи ҷумъа бо афзоиши босуръати шохисҳо ва қимати саҳом боз шуданд. Шохиси FTSEurofirst, ки як нишондиҳандаи аслии бозорҳои Аврупо шинохта мешавад, алакай дар соъоти аввали фурӯшоти рӯзи ҷумъа 300 нуқта, ё худ 5,5 дарсад боло рафта, қимати саҳмияҳои бонкҳои бузурги ин қора, назири UBS, HBOS, Lloyds TSB ва бонки шотландии Royal Bank аз 22 то 36 дарсад афзудааст.

Эълони тадобири ахир қурби доллари амрикоиро нисбат ба соъир асъори муҳими дунё, аз ҷумла евро низ каме беҳтар карда ва нархи нафт низ дар бозорҳои байналмилалӣ як андоза афзуда, як бушкаи он рӯзи ҷумъа ба қимати чизе бештар аз 98 доллар ба фурӯш мерафт.

XS
SM
MD
LG