Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пхенян реактори ҳастаияшро аз нав ба кор меандозад


Normal 0

Кореяи Шимолӣ Амрикоро дар нақзи қарордоди байналмилалии халъи силоҳи ҳастаӣ айбдор карда, рӯзи ҷумъа гуфт, дигар хостори аз феҳрасти амрикоии кишварҳои пуштибони терроризм бардоштани исмаш нест ва ба шурӯъи дубораи фаъолияти реактори ҳастаияш омодагӣ мегирад.

Ҳюн Ҳак-Бонг, масъули вазорати хориҷаи Кореяи Шимолӣ дар рустои марзии Панмунҷом ба хабарнигорон гуфт, Пхенян ба фаъол кардани реактори тавлиди плутониумаш омодагии ҳамаҷониба мебинад: “Азбаски Амрико банди қарордод дар бораи имтиёзҳои сиёсиро иҷро накард ва 5 кишвари узви музокироти шашгона ба таври мудавом таҳвили 1 миллион тонна кӯмаки энержиро ба таъхир меандозанд, мо низ дар иваз корҳои тахрибсозиро қатъ кардем.”

Масъули вазорати хориҷаи Кореяи Шимолӣ афзуд, Пхенян дигар на хоҳиши аз феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм бардошта шудани исмаш ҳаст ваиттифоқ уфтодани чунин амреро интизор ҳам надорад.

Пхенян тахриби реактори ҳастаияш дар Ёнгбёнро бар пояи тавофуқе, ки дар музокироти шашгона ба даст омада буд, шурӯъ кард, вале ин равандро дар моҳи гузашта ба нишони эътироз ба боқӣ мондани исмаш дар феҳрасти аз сӯи Вошингтон таҳияшудаи кишварҳои ҳомии терроризм қатъ кард. Вошингтон саравал мехоҳад, ки Кореяи Шимолӣ назорати байналмилалии иҷрои тавофуқоти шашгонаро иҷозат диҳад.
XS
SM
MD
LG