Пайвандҳои дастрасӣ

Хези босуръати қимати саҳом баъд аз уфти башиддат


Normal 0

Қасди мақомоти Амрико ба хотири расидагии, ба гуфтаи вазири дороияш Ҳенрӣ Полсон, “фарогир” ба бӯҳрони молӣ билофосила ба бозорҳои дунё таъсир кардааст. Рӯзи ҷумъа қимати саҳом дар бозорҳои бурси Осиё, аз ҷумла дар Чину Ҷопон , Ҳонгконгу Тайван ва Кореяи ҷанубиву Австралия ба таври қобили мулоҳиза боло рафт. Фурӯшот дар бозорҳои Аврупо низ рӯзи ҷумъа бо афзоиши ҳайратовари қимати саҳом оғоз ёфт. Қурби доллар низ дар пай як каме боло рафта, арзиши як бушкаи нафт акнун болиғ аз 98 доллар шудааст.



XS
SM
MD
LG