Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пойтахти Фаронса мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир шуд.

Аҳто Лобякас

Аслан, баргузории нишасти ҳайъатҳои воломақоми ду минтақа аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо ҳассосияту аҳамияти равобити байниҳамдигариро дарк мекунанд. Иттиҳоди Аврупо ба захираҳои саршори маводи сӯхти Осиёи Марказӣ назар афкандааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, ташнаи эътирофи байналмилалӣ мебошанд. Дар рушди ин равобит ду кишвар: Русия ва Афғонистон нақши бузург доранд.

Коршарикии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мисли издивоҷи тарҳрезишуда аст, зеро ба ғайр аз манфиати тиҷорӣ ва арзёбии муштараки таҳдидҳо кишварҳои ду минтақаи аз ҳам дур умумияти зиёд надоранд.

Дар ҳар сурат, ноором шудани Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо низ таъсири манфӣ хоҳад дошт. Аз ин ҷост, ки дар поёни мулоқот мизбони он вазири корҳои хориҷии Фаронса Бернар Кушнер гуфт, онҳо дар ин нишаст қочоқи инсон ва маводи мухаддир, адами тавсеаи силоҳ, таҳкими марзҳо, ба маънии васеъ маъмурияти захираҳо ва терроризмро баҳс кардаанд.


Иттиҳоди Аврупо аз доштани равобити наздик бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои захираи бузурги нафту газ мебошанд, нафъ хоҳад бардошт. Вале барои расидан ба ин ҳадаф Иттиҳоди Аврупо бояд мамолики Осиёи Марказиро мутмаин кунонад, ки ба фишорҳои Русия сар хам накарда, имконоти зарурӣ барои содироти нафту газ тавассути Ҷануби Қафқоз ба Аврупоро тавсеа бахшанд.

Бахши асосии Стратегияи Осиёи Марказии Иттиҳодияи Аврупо, ки соли 2007-ум таҳти сарварии Олмон таҳия шудааст, ба ҳамин ду мавзӯъ: ниёзмандиҳои энергетикии Аврупо ва амнияти Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.

Ҳамаи вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вазъи Афғонистон нигарон буданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хамроҳхон Зарифӣ баъди анҷоми нишаст ба хабарнигорон гуфт:

"Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи муштараки бузург дорад, дар робита бо ҳамсояи наздиктаринаш сиёсати хосе ихтиёр намудааст. Мо бо ин ҳамсояи ҳамзабонамон таърихи муштарак дорем ва барои мо назму суботи Афғонистон бо назму суботи кишварамон ҳаммаъно мебошад."

Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ аз нооромии Афғонистон азият мекашанд. Бахши бузурги маводи мухаддири Афғонистон, ки 93% содироти ҷаҳониро ташкил медиҳад, тавассути Осиёи Марказӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир мешавад.

Вале хатари ҷиддие, ки ба ҳукуматҳои худкомаи минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад, ки ифротгароии исломист, ки дар Афғонистон заминаи рушд дорад. Дар нишасти Порис ҳеҷ яке аз вазирони Осиёи Марказӣ ифротгароии исломиро ёд накарданд, аммо солҳои ахир таъқиби гурӯҳҳои исломӣ ҳар чӣ бештар дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба қайд гирифта шудаву, Қазоқистону Қирғизистон низ аз ин падида масъуният надоранд. Хуллас, боздоштани таҳдиде, ки аз Афғонистон бармехезад, ҳам барои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам барои Осиёи Марказӣ аҳаммияти бештар касб мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Фаронса эътироф кард, ки баҳси арзишҳои муштаракро метавон дурнамои баъид номид:

"Ҳуқуқи башар роҳи дарозе дар пеш дорад. Мо дар як марҳила нестем ва ҳама умед дорем, ки ҳуқуқи башарро ҳадафи асосии сиёсатамон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кунем, вале роҳе, ки онҳо муддатҳои тӯлонӣ пеш гирифта буданд, аз роҳи пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо фарқ дорад".

Кушнер афзуд, ки дар нишаст номҳои маҳбусони сиёсии Узбакистону Туркманистон хотирнишон шуданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар нишасти матбуотии поёни мулоқот ҳузур надошт. Бар илова, бо ташаббуси созмони ғайридавлатии «Рӯзноманигорони бидуни марз» дар назди сафорати Туркманистон дар Фаронса гирдиҳамоӣ барпо шуд ва ширкаткунандагон талаб карданд, ки мақомоти туркман дар бораи рӯзноманигорон маҳбус маълумот диҳанд. Соли 2006-ум хабарнигори радиои Озодӣ Оқилсафар Муродова дар зиндон ба ҳалокат расид.

Билохира, аксари аъзои Иттиҳоди Аврупо эътироф мекунанд, ки муколама мустақиман маънои афзоиши нуфузро надорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG