Пайвандҳои дастрасӣ

Қиёми ИМА бар зидди бӯҳрони молӣ


Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, онҳо як барномаи муфассали раҳоии ниҳодҳои молӣ аз ҳисобҳои ба истилоҳ "бад"-ро арзёбӣ доранд, то аз он ҳоле, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ном гирифтааст, берун шаванд. Вазири молияи ИМА Ҳенрӣ Полсон ва раҳбарони Конгресс санади раҳоии бонкҳо аз қарзро баҳс мекунанд, ки феълан дар маркази таваҷҷӯҳи ИМА қарор дорад. Баъди мулоқот бо қонунгузорон Полсон ба рӯзноманигорон гуфт:

"Он чизе, ки мо ҳоло бо он машғул ҳастем, ин таҳдиди систематикӣ ва фишор болои бозори молӣ мебошад. Мо дар бораи як ҳалли фарогир сӯҳбат кардем, ки бар пояи қабули қонун дар бораи ҳисобҳои ғайри қобили табдил ба пул дар ниҳодҳои молии ИМА ҳалли худро пайдо мекунад."
Рӯзи панҷшанбе шохиси бозори The Dow Jones тахминан 4% боло рафт.

XS
SM
MD
LG