Пайвандҳои дастрасӣ

Бознигарии стратегияи ИМА дар Афғонистон


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, дар рӯ ба рӯи афзоиши ошӯбҳои Толибон Пентагон стратегияи ҷанг дар Афғонистонро бознигарӣ мекунад. Гейтс дар мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои узви паймони НАТО дар шаҳри Лондон, гуфт, то ҳол маълум нест, ки бознигарӣ боиси тағйири стратегияи ИМА дар Афғонистон мешавад.
Гейтс ёдовар шуд, ки тағйир дар стратегияи Ироқ маҳз баъди ҳамин гуна бознигарӣ амалӣ шуд. Вазири мудофиаи ИМА гуфт, ӯ бар ин назар мувофиқ нест, ки стратегияи кунунии Амрико дар Афғонистон ноком аст.
XS
SM
MD
LG