Пайвандҳои дастрасӣ

Имкони тавсеаи таҳрими Эрон баҳс мешавад


Имрӯз дар Вашингтон мансабдорони воломақоми шаш кишвари нерӯманди олам барномаи ҳаставии Эронро баҳс мекунанд. Эҳтимол дар ин нишаст имкони ҷорӣ намудани бахши чоруми таҳрими Эрон дар чорчӯби СММ арзёбӣ шавад.
ИМА ва муттафиқони аврупоиаш: Британия, Фаронса ва Олмон бо ишора ба саркашии Эрон аз ғанигардонии уран аз афзоиши таҳрим пуштибонӣ мекунанд. Вале тибқи гузоришҳои расида Русия ва Чин ба тавсеаи таҳрим майл нишон намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG