Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи бозорҳои молӣ беҳбуд меёбад


Ҳамзамон бо кӯшишҳои таъмини назму субот дар бозорҳои молии ИМА афзоиши нархи саҳмияҳо дар бозорҳои молии ин кишвар ба назар мерасад. Қимати авроқи гаронбаҳо дар бозори The Dow Jones 400 нуқта ва ё тахминан 4% боло рафтааст.
Дирӯз раҳбарони бонкҳои марказии чанд кишвар муштаракан ба бозорҳои молӣ даҳҳо миллиард доллар ворид намуданд, то мушкили низоми молӣ то ҳадде барканор шавад. Бонки марказии ИМА барои иҷрои ин барнома 180 миллиард доллар тахсис додааст.
Ҳамчунон аз эҳтимол дур нест, ки нақшаи ҳукумати ИМА дар мавриди танзими як ниҳоди давлатӣ барои наҷоти ширкатҳои молии варшикаста ба беҳбуди вазъ кумак кардааст.
XS
SM
MD
LG