Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳсули дасти Мотсарт ёфт шудааст


Як китобхонаи фаронсавӣ дар бойгониаш қитъаи мусиқии то ин вақт номаълуми оҳангсоз Мотсартро пайдо кардааст. Улрих Лейсингер раиси бахши таҳқиқоти Бунёди байналмилалии Мотсарт дар шаҳри Залтсбурги Австрия изҳор намуд, ки бидуни шубҳа мусиқии рӯи ин варақи коғаз навишташуда маҳсули дасти Мостарт аст. Дар тӯли 50 соли ахир тахминан 10 навиштаи номаълуми Мотсарт ёфт шудаанд.
XS
SM
MD
LG