Пайвандҳои дастрасӣ

Озмоиши насли нави мушакҳои Русия


Дирӯз Русия мушаки стратегии насли навро озмоиш намуд. Мушаки балистикии Булава аз киштии зериобии мустақар дар Баҳри Сафед партоб шуда, дар ҷои муқарраршудаи нимҷазираи Камчаткаи Шарқи дури Русия ба замин бархӯрд. Булава якчанд кулоҳаки ҷангӣ дошта, бо ҳадафи рахна кардани сипари зиддимушакӣ ихтироъ шудааст. Озмоиши мушак замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки Русия аз барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупои шарқӣ хушҳол нест.
XS
SM
MD
LG