Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ


Дирӯз дар пойтахти Фаронса аввалин анҷумани Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ бахшида ба арзёбии масоили амниятӣ барпо шуд.
Дар форуми якрӯза намояндагони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва мамолики номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо: Туркия, Хорватия ва Мақдуния ҳузур доштанд.
Бар илова ҳайъатҳои Русия, Чин, Япония ва ё Ҷопон ва Афғонистон дар ин нишаст ҳамчун нозир даъват шуда буданд.
Дар баҳсҳо таҳдиди терроризм, мубориза бо қочоқи инсону маводи мухаддир ва амнияти энергетикӣ баррасӣ шуданд.
Мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро таҳким бахшанд. Ҳамчунон онҳо ризоят додаанд, ки бар муқобили интиқоли ҳероини афғонӣ тавассути қаламрави Осиёи Марказӣ муқовимат намоянд.
Созмони Рӯзноманигорони бидуни марз аз мақомоти аврупоӣ дархост намуд, ки арзёбии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии матбуот ба вижа дар Туркманистону Узбакистонро фаромӯш накунанд.
XS
SM
MD
LG