Пайвандҳои дастрасӣ

Райс: Султаҷӯиву худкомагии Русия рӯ ба афзоиш аст


Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс дирӯз изҳор намуд, ки Русия дар сиёсати дохилӣ "ҳар чӣ бештар худкома" ва дар сиёсати хориҷӣ "ҳар чӣ бештар султаталаб" мешавад.
Ҳангоми суханронӣ дар идораи вашингтонии Бунёди Олмонии Маршал котиби давлатии ИМА гуфт, Русия роҳеро пеш гирифтааст, ки ин кишварро дар инзивоъ гузошта, эътиборашро аз байн мебарад.
Райс амалкарди Русия дар Гурҷистонро ҳамчун намуна хотирнишон кард ва афзуд:
" Дар мавриди Русия мояи нигаронӣ ин аст, ки ин кишвар чанд сол инҷониб рафтори ношоямро пеша кардааст. Ман таҳдидҳои Русия ба кишварҳои соҳибистиқлол, истифодаи ин кишвар аз нафту газ ба ҳайси силоҳи сиёсӣ, беруншавии якҷонибаи Маскав аз созиши коҳиши аслиҳаи муқаррарӣ дар Аврупо, таҳдид бо силоҳи ҳаставӣ ба кишварҳои осоишта, фурӯши аслиҳаи Русия ба кишварҳову гурӯҳҳои нооромкунандаи амнияти байналмилалӣ ва бадтар аз он, таъқиби рӯзноманигорони рус, дигарандешон ва дигаронро мадди назар дорам."
Райс иброз дошт, ки акнун талошҳои узвияти Русия дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Муассисаи ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барбод мераванд.
Дирӯз қабл аз паёми Райс вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, ки аз муҷозоти Русия дар иртибот бо таҷовузи моҳи гузаштаи ин кишвар ба Гурҷистон худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG